ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

МУЛОҚОТ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ

2024-04-25 12:25:43

25.04.2024, сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Акрамӣ Саидусмон бо кормандони ҶДММ “Сайёҳон”  вохурӣ анҷом дод. Дар меҳвари мулоқот таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, АП-484 инчунин нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1, банди 100 қарор дошт. Дар вохўрӣ инчунин, ба масъалаҳои риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. инчунин дар вохӯрӣ моҳияти эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, суханронӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  гуфта шуда, қайд гардид, ки мо шаҳрвандонро зарур аст, ки саъю кушиш  ба харҷ дода, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбубамон, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва пос доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзем.