ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамкориҳо вусъат меёбад

2024-04-25 11:47:52

25-уми апрел, дар доираи Нақша – чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” оид ба таҳлили фаъолияти корхона, ширкат ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ вохӯрии сардори Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Фирўз Ғафуров ва сардори раёсати муассиса дар минтақаи Рашт Меҳриддин Хушбахтов бо намояндагони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корхона, ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва кормандони ширкати нақлиётии “Самара”-и шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Дар мулоқот оид ба тартиби хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ, риояи ҳатмии одоби муошират бо мусофирон, тартиби истифодаи варақаи роҳхату борхат ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.