ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА МИЁНИ КОРМАНДОНИ МД «НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ»

2024-04-17 09:46:00

16.04.2024. Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад, ки кормандони раёсату шўъбаҳо ва идораҳои муассиса иштирок доштанд, сардори Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо Ғафуров Фирўз Ҷамолович зимни суханрони иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ бурдани корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ яке аз масъалаҳои калидӣ барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст. Дар ин ҳамоиши судманд ҳамчунин, ба афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масъалаҳои нақш ва аҳамияти ВАО-и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ таваҷҷуҳ дода шуд.