ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳаво сард мешавад: Ҳушдори ҳавошиносон

2024-02-16 11:14:39

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-ум то 21-уми феврал ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат тағйир ёфта сард мешавад. Дар водиҳо бориши борон  ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид пешгўи мешавад. Аз сардии ҳаво роҳҳои кӯҳӣ ях мебанданд ва табиист, ки ин ҳолат ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкили пеш меорад. Дар иртибот ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд. Инчунин, ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.