Рузи 24 июни соли 2026 ҳайати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори муассиса Ашурзода Фарух дар Конфронси инноватсионӣ оид ба нақлиёти зеҳнӣ ва Намоишгоҳи дастовардҳо дар минтақаи Бузурги халиҷи Гуандун-Сянган-Аомэн «2026 Greater Bay Area Smart Transportation Innovation Conference & Technology Expo», ки дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок карданд. Чорабинии мазкур яке аз муҳимтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти рушди нақлиёти зеҳнӣ ва технологияҳои муосири нақлиётӣ ба ҳисоб рафта, намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносони соҳаи нақлиётро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд овард. Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳнии соҳаи нақлиёт, татбиқи навовариҳо дар идоракунии шабакаҳои роҳ, рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва рушди инфрасохтори зеҳнии нақлиётӣ мебошад. Зимни ҷаласаи ифтитоҳӣ ва форумҳои асосӣ иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумотҳои бузург (Big Data), низоми зеҳнии идоракунии ҳаракат, рақамикунонии роҳҳои автомобилгард ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории инфрасохтори нақлиётӣ шинос шуданд. Дар доираи барномаи конфронс ҳайати Тоҷикистон дар як қатор ҷаласаҳои мавзӯӣ ва муҳокимаҳои соҳавӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои муосир дар нигоҳдорӣ ва идоракунии роҳҳои автомобилгард, мониторинги рақамии инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони зеҳнии пулҳо ва иншооти муҳандисӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, рушди системаҳои рақамии логистикӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронии нақлиётиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳамзамон, иштирокчиён аз намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои нақлиётӣ дидан намуда, бо навтарин дастовардҳо дар самти нақлиёти зеҳнӣ, таҷҳизоти муосири назорати ҳаракат, низоми худкори идоракунӣ, технологияҳои мониторинги роҳҳо ва ҳалли рақамии логистикӣ шинос гардиданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, табодули дониш ва таҷриба, рушди ҳамкориҳои касбӣ ва ҷалби технологияҳои нав ба соҳаи нақлиёт ва логистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» минбаъд низ ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ, рушди рақамикунонии соҳа ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.