ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақлро баррасӣ кардаанд

2026-04-09 06:05:20 | Диданд: 34

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар дидор бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи заминӣ ва роҳи оҳанро баррасӣ кардааст. 

Дар ин мулоқот, ки рӯзи 8-уми апрел сурат гирифтааст, ҷонибҳо аз  раванди ҳамкориҳо изҳори ризоиятмандӣ ва бар “зарурати суръат бахшидани иҷрои созишҳо ва тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо таъкид кардаанд”. 

Ба иттилои (https://t.me/tajikistan1402/1744) Сафорати Эрон, Вазири нақлиёти Тоҷикистон “бо ишора ба афзоиши 50%-и табодули коло байни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бар зарурати талошҳои бештар барои густариши ҳамкориҳо дар соли ҷорӣ” таъкид кардааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, Алиризо Ҳақиқиён аз мавқеи давлат ва мардуми Тоҷикистон “дар эъломи ҳамбастагии самимона бо мардуми Эрон дар ҷанги таҳмилии Амрико ва режими Исроил” қадрдонӣ кардааст. 

                                              Бознашр аз сомонаи  http://www.asiaplustj.info/tj