ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

ОҲИСТА, ТАРМА! Вазорати нақлиёт ронандагонро даъват мекунад, ки аз эҳтиёт кор гиранд

2026-01-09 13:31:55 | Диданд: 20

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, нимаи аввали моҳи январ дар Тоҷикистон тағйироти пайвастаи ҳарорат ба назар мерасад, ки хатари тармафароиро дар роҳҳо зиёд мекунад. Вазорати нақлиёт ронандагонро ҳушдор медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошанд.

Моҳи январи соли 2026, пас аз рӯзҳои сарди аввали соли нав, дар аксари қаламрави Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарм дар назар аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 12 дараҷа баландтар, миқдори боришот тақрибан баробари меъёр ва дар баъзе ҷойҳо аз меъёр пасттар пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Агентии метеорологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.

Ба ақидаи ҳавошиносон, тағйироти пайвастаи ҳарорат бо хусусиятҳои иқлими континенталии кишвар (тобистони гарм, зимистони сард ва боришоти кам) ва рельефи мураккаби он (минтақаҳои кӯҳӣ, теппаҳо, ҷӯйборҳо, доманакӯҳҳо, даштҳо ва дигар ноҳамвориҳое, ки ба обу ҳаво тавассути тақсимоти ҳарорат таъсир мерасонанд ва муҷиби ташаккули туманҳо мешаванд) алоқаманд аст.

«Дар Тоҷикистон бештар аз миёнаҳои декабр то аввали апрел таназзул ё тағйироти ҳарорат мушоҳида мешавад. Дар ин моҳҳо барф бештар меборад, шароити ҳавои гарм ё сардиҳои шадид номусоид мегардад, ки ин ба вайроншавии тавозуни қабати барф ва фурӯпошии тарма мусоидат мекунад», – изҳор дошт дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» муовини рощбари Маркази метеорология ва геофизикаи Агентии метеорологии кишвар Камолиддин Назирзода.

Вай инчунин зикр кард, ки тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ рух медиҳад. Манбащои асосии он дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҷойгир аст. Ин минтақа бо кӯҳҳои баланд ва доманакӯҳҳои барфпӯш, инчунин мавҷудияти шоҳроҳҳои дорои аҳамияти ыумщуриявь ва байналмилалӣ фарқ мекунад. Хатари баланди тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, хусусан дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисми болоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, инчунин минтақаҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дараи Ромит, ноҳияҳои Файзобод ва Варзоб (роҳи «Душанбе – Чанак») вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаву корхонаҳои роҳу нақлиёт супориш додааст, ки ба ҳама гуна шароити обу ҳаво тайёр бошанд, техникаро барои нигоҳдории зимистонаи роҳҳо омода нигоҳ доранд, барои таъмини ҳаракати бемайлон ва бехатари ҳамаи иштирокчиёни роҳ тамоми тадбирҳоро андешанд.

Вазорати нақлиёт инчунин ба ронандагон тавсия медиҳад, ки чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, низоми бехатари суръат ва масофаро риоя кунанд, ба хатти муқобили ҳаракат набароянд, ба кори техникаи махсус, ки барои пошидани маводи зидди лағжиш истифода мешавад, монеъ нашаванд.

Вазорат таъкид кард, ки барои бехатарӣ ронандагон бояд аз сафар дар шароити номусоиди обу ҳаво худдорӣ намоянд, мунтазам бо маълумот дар бораи обу ҳаво ва хатари тармафароӣ шинос шаванд.
                                                                                                                                                               Бознашр аз сомонаи  www.mintrans.tj