НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ»
2025-10-16 11:13:06
| Диданд: 75
Санаи
15-уми октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷаласаи васеи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва масъулони сохторҳои дахлдори Муассиса иштирок карда, аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давраи ҳисоботӣ гузориш
доданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар идоракунии
соҳаи нақлиёти автомобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар асоси дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу
супоришҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда
ба роҳ мондааст.
Дар ҷаласаи корӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи нуҳмоҳаи соли 2025 нишондиҳандаҳои
асосии омории соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 108,1 то 111,8 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла,
ҳаҷми мусофирбарӣ 740,1 млн мусофир (108,1%), гардиши мусофир 7,3 млрд мусофир-километр
(110,2%), ҳаҷми боркашонӣ 31,6 млн тонна (107,1%) ва гардиши бор 2,7 млрд тонна-километр
(111,8%) таъмин гардидааст.
Ҳамзамон, фарогирии варақаҳои роҳхат ва борхат нисбат ба соли гузашта 102,4 фоизро ташкил дода,
шумораи воситаҳои нақлиёти бо роҳхат фаъолият дошта ба 53 799 адад расидааст.
Ҷиҳати татбиқи барномаи рақамикунонии роҳхат ва борхат дар 209 корхонаи нақлиётӣ
бошад дар ин давра корҳои назаррас амалӣ шудааст. Бояд ќайд кард, ки аз ин
шумора 167 корхона пурра бо усули рақамӣ фаъолият дошта, инчунин, дар 18
корхона ва 14 филиали онҳо корҳои амалӣ ҷињати ба роҳ мондани роҳхатҳои электронии
ғайриқоғазӣ (замимаи мобилӣ) ба анҷом расонида шудааст.
Тибқи маълумот, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи нақшаи омӯзишҳои соҳа, барои
11 663 нафар ронанда дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ
ва одоби муошират бо мусофирон гузаронида шудааст.
Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти
хатсайрҳои мусофирбарӣ, рушди рақамикунонӣ, ҳамкории Муассиса бо корхонаҳои ғайринақлиётӣ,
беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мавриди
таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом роҳбарияти Муассиса
ба раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои дахлдор дастур дод, ки бо дарназардошти натиҷаҳои
нуҳмоҳаи ҳисоботӣ, барои иҷрои пурраи нақшаи солона ва вусъати минбаъдаи корҳои
амалишаванда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.