ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «DUSHANBE INVEST 2025». Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба нақши муттаҳидкунандаи роҳу пулҳо таъкид карданд

2025-10-16 06:21:40 | Диданд: 45

Роҳҳо ва пулҳо, бинобар он ки ҳаракати одамон ва молҳо, рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин мекунанд, нақши муҳими муттаҳидкунанда доранд, долонҳои нақлиётӣ на танҳо минтақаҳои кишвар, балки давлатҳо ва халқҳои томро ба ҳам мепайвандад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт, зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», таъкид намуданд.
Сарвари давлат ба иштирокчиёни форум иттилоъ доданд, ки Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат рушдёбанда, муносибатҳои боэътимоди байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Тайи даҳ соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди миллии кишвпри мо дар сатҳи 7,6% таъмин гардид.
«Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, бо таърихи куҳан, фарҳанги хос ва мероси ғанӣ мебошад, – гуфтанд Пешвои миллат. – Сарзамини мо дар давоми асрҳо ҳамчун пули байни халқҳо ва тамаддунҳо Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст».
Сарвари давлат дар ин иртибот, албатта, аз Роҳи бузурги абрешим, ки беш аз ду ҳазор сол қабл дар Авруосиё арзи вуҷуд карда буд ва тамаддунҳои Аврупо ва Осиёро, ки ба ҳам монанд набуданд, муттаҳид месохт, ёдовар шуданд. Ин роҳ ба бисёр халқҳо имкон дод, ки ҳамсоягони худро беҳтар шиносанд, тиҷоратро ба роҳ монанд, бо таълимоти нави илмию фалсафии якдигар шинос шаванд ва бо кишварҳои дурдаст муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунанд.
«Роҳи бузурги абрешим тавассути ҳудуди Тоҷикистони имрӯза гузашта, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ, балки робитаҳои фарҳангиро низ таҳким бахшида, ба рушди илму ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мусоидат кардааст. Имрӯз мо ин рисолати таърихиро идома дода истодаем», – иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Садҳо сол пеш Роҳи бузурги абрешим роҳе буд, ки бо он корвонҳо аз Чин тавассути кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбӣ ба Аврупо бор интиқол медоданд ва қисми зиёди роҳ аз қаламравҳои биёбонӣ мегузашт. Дар охири қарни XX кишварҳо тасмим гирифтанд, ки ин Роҳи бузургро эҳё кунанд ва ба сохтмони инфрасохтори муосири нақлиётӣ шурӯъ намуданд. Соли 1993 бо ибтикори Аврупо лоиҳаи ТРАСЕКА (долони нақлиётии Авруосиё, ки «Роҳи бузурги абрешим дар асри XXI» эълон шуд) ва соли 2013 бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» рӯи кор омаданд. Тоҷикистон дар ин ду лоиҳа фаъолона иштирок мекунад.
Дар идомаи суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд:
«Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 500 километр сарҳади муштарак дорад ва бо таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе – Кулма (сарҳади Чин)”, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, кишварҳои минтақаро ба шоҳроҳи Қароқурум мепайвандад».
Мавриди зикр аст, ин шоҳроҳ як қисми долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» маҳсуб меёбад. Бартарии ин долон таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дар боло зикршуда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.
Айни замон дар Тоҷикистон 10 долони афзалиятноки тиҷоративу транзитӣ муайян карда шудаанд, ки аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб аз қаламрави кишвари мо мегузаранд.
«Барои пайваст шудан ба долонҳои нақлиётии самти ҷануб ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ мо шаш пули мошингузарро дар сарҳад бо Афғонистон бунёд намудем, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу логистикии кишварҳои минтақа имконияти хуб фароҳам меоварад, – ёдрас намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
– 
Ҷойгиршавии стратегии кишвари мо дар маркази Авруосиё бароямон имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари байни минтақаҳо ва қитъаҳо долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ таъсис диҳем, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд».
Ба гуфтаи Сарвари давлати мо, ин ба сармоягузорон дастрасии мустақимро ба минтақаҳои босуръат рушдёбанда, роҳҳои нави тиҷорат ва шарикии стратегӣ ҳамчун самти калидии рушд барои муттаҳидсозии манфиати ҳукуматҳо, корхонаҳо ва ҷомеа фароҳам меорад.
«Мавқеи стратегии кишварамон имкон медиҳад Тоҷикистон ба як маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Яъне, долонҳои нақлиётиву иқтисодии муосир аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Чин мепайванданд», – хулоса намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд тазаккур дод, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 октябри соли 2025 идома меёбад.
Бо дарназардошти тамоюлҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва диверсификатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ, форум ба самтҳои асосӣ, ба монанди рушди иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва саноатикунонии босуръат тамаркуз хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии раванди гузариши «сабз» санадҳои муҳим – «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул карда шудаанд.
                                                                                                                                                               Бознашр аз сомонаи  www.mintrans.tj