ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ

2024-04-18 09:15:14

13-уми апрели соли 2024-ум дар Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар асоси нақша чорабинҳо оид ба гузаштан ба барномаи рақамикунонии роҳхату борхат дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони  Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Ахмедов Сафар Усмонович – сардори шуъбаи боркашонӣ, мусофирбарӣ ва оморӣ муассиса дар робита ба афзалият ва истифодаи барномаи рақамикунонии роҳхату борхат, гузариш ба барономаи Е – роҳхат, тартиби гузаронидани санҷиш ва риоя намудани муҳлати роҳхату борхат ба иштирокчиёни маҷлис маълумот дод. Маврид ба зикр аст, ки гузариш ба рақамикунонӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳукумати электронӣ” аз 30 декабри соли 2011, №643 ва “Консепсияи иқтисоди рақамӣ” аз 30 декабри соли 2019, №642 амали мешавад.