ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Баррасии рушди системаи хизматрасониҳои логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони «Эксимбонк»

2024-04-06 05:29:53

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. Рушди системаи хизматрасониҳои логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти намояндагони  Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо Бонки Кореяи Ҷанубӣ «Эксимбонк» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо роҷеъ ба корҳои анҷом дода шуда оид ба рушди системаи логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳлил кашида шуда, инчунин, тарафҳо марбут ба сафари ҳайати Тоҷикистон ба Корея, ки моҳи май дар назар дошта шудааст, масъалагузори намуданд.