ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ёддошти тафоҳум миёни Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ва Ширкати миллии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон “National Logistics Corporation” омили рушди ҳамкориҳои дуҷониба

2024-04-02 10:14:19

1.04.2024 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон “National Logistics Corporation” барои тасдиқи муносибатҳои дӯстона, бо мақсади рушди тиҷорати транзитӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати мутақобила Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориро дар соҳаи нақлиёту логистика ва тиҷорати транзитӣ густариш дода, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерро тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум афзоиш хоҳанд дод. Тарафҳо нақша доранд, ки дар ояндаи наздик рушди истифодабарии технологияи рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва содагардонии раванди интиқоли бор, ташкил ва сохтмони  инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои сарироҳиро амали намоянд.