ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон

2024-04-02 09:29:50

29-уми марти соли равон дар доираи ҳамкориҳои нақлиётӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахши Логистикии Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳайати Бахши Логистикии Миллӣ таҳти роҳбарии директори генералӣ, генерал майор Фаррух Шаҳзод Рао ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонони покистониро дар фурудгоҳи байналмилалиии Душанбе намояндагони Вазорати нақлиёт ва Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” истиқбол намуданд. Ёдовар мешавем, ки тибқи мувофиқаи қаблан ҳосилшуда корвони мошинҳои боркаш аз масири долони Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон  то Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Ҳадаф аз ташкили корвони мошинҳои боркаш тариқи масири зикргардида ин пеш аз ҳама эҳё ва муайян намудани вазъи кунунии роҳҳои кишварҳои ҳамин масир,  ба ин васила табдил додани Тоҷикистон ба кишвари муфиди транзитӣ  ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки 14 декабри соли 2022-юм  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома “Оид ба тиҷорати транзитӣ” ба имзо расида буд. Ҳаминро бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти ин масъала борҳо ба дастрасӣ ба бандарҳои баҳрии кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои дигари минтақа барои ҳамлу нақли молу маҳсулот изҳори таваҷҷӯҳ карда,  барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши гардиши молӣ ва иртибототи башардӯстона, рушди инфрасохтор ва пайвастани шабакаҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои минтақа ва кишварҳои дигар таъкид кардааст.