Ҳамкории мо бо “Донишгоҳи давлатии мошинсозӣ ва роҳсозии Маскав”
2024-03-14 06:28:48
Директори
Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, номзади
илмҳои техникӣ, дотсент Саломзода Раҳмиддин Салом ва сардори Маркази бозомӯзӣ
ва такмили ихтисоси ин муассиса Акрамӣ Саидусмон Саидислом соҳиби шаҳодатномаи “Донишгоҳи давлатии мошинсозӣ ва
роҳсозии Маскав” барои хатми курси такмили ихтисос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2023 Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии
Федератсияи Россия “Донишгоҳи давлатии мошинсозӣ ва роҳсозии Маскав” барои
шаҳрвандони хориҷӣ курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Технологияи ташкил ва
идоракунии ҷараёни логистикию нақлиётӣ” ташкил карда буд, ки он аз 20 ноябри
соли 2023 то 20 феврали соли 2024 идома кард.