Роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳнатобод – Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ мумфарш мегардад
2022-06-07 05:27:48
Бахшида ба пешвози 35-умин
солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати
деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои асфалтпӯшонии
роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳнатобод – Гулистон оғоз гардид. Таъмиру навсозии роҳи мазкур аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, дарозии он 3,5 км-ро дар бар мегирад. Ин
роҳ деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати Меҳнатободро бо деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти
Қаҳрамон пайваст менамояд. Паҳноии роҳи мазкур 5 метрро ташкил
дода, дар масири он ду пули дигар низ пурра таъмиру навсозӣ
шудаанд.
Сокинони деҳаҳои мазкур иброз доштанд, ки таъмир гардидани роҳ
ва ду пули дигар дар давоми он мушкили чандинсолаи онҳоро осон
мегардонад.
Дар маросими мазкур раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, масъулини
ҷамоатҳои деҳоти зикршуда ва пирони рӯзгордида ширкат намуданд.Бо дуои
неки пирони рӯзгордида корҳои асфалтпӯшонии роҳи мазкур оғоз гардид.
Бозоралӣ Одиназода зикр кард, ки дар асоси нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои созандагию бунедкорӣ дар ноҳия бомаром идома дошта, дар он соҳибкорони бо нангу номуси маҳаллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Сокинон барои зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар пешрафт ва зебогардонии ноҳия саҳми худро мегузоранд.Иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар"