Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ
2022-05-24 07:25:53
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Санаи 20 майи соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоқикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазирфт.
Мулоқот ҷиҳати муҳокимаи ҳамкориҳо дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафири расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Раисӣ ҳангоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонида шуда буд, дар бар гирифт.
Тарафҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани сохтмони марказҳои логистик, сохтмони сардхона барои нигаҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ, табодули таҷриба дар самти бозомӯзӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми соли 2021 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 427 тонна хӯроки моҳӣ ворид гардида, дар давоми 3 моҳи соли 2022 12 адад трактори "Тоҷ Ирон - 475, 470", испор - 100 адад, тойбанду тагрезчин 34 адад, алафдаравак 10 адад, нармкунак (култиватор) 4 адад, аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, омадааст дар хабари сомонаи вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.