ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор

 

Дастурамали вазифавии

Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва тахлили омор Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”.

 

1. Дастурамали мазкур вазифаҳо, ӯҳдадориҳо, ҳуқуқ ва ҷавобгариҳои сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикиро” муайян менамояд.

2.Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор мутобиқи оинномаи муассиса бо фармоиши Директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” (минбаъд ”Муассиса”) ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод карда мешавад.

3.  Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор ба директори Муассиса ва муовинони он итоат мекунад.

4. Ба вазифаи сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор шахсони дорои маълумоти олӣ, мутахассиси соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки бо собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар муассисаҳою корхонаҳои нақлиётӣ кору фаъолият кардаанд, таъин карда мешавад.

5. Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор бояд дониш ва малакаҳои зеринро доро бошад:

- донишҳои мукаммал вобаста ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- донишҳои умумии иқтисодӣ доир ба соҳаи нақлиётӣ;

- малакаю дониш оид ба коркарди роҳхату, борхат дар компютер;

- доштани салоҳият барои иҷроиши таҳлилҳо ва пешниҳодҳои хулосавӣ;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақлиёт”;

- санадҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ;

- донистани Оиномаи нақлиёти автомобилӣ;

- донистани Оиномаи МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”;

- методи баҳисобгирии тағиротҳо ва тартиби тайёр намудани ҳисоботҳои ҳамлу нақл;

- истифодабарии технологияҳои иттилотии хозиразамон дар корбарӣ;

- тартиби бунёди маълумотҳои оиди ҳисоботҳои моҳона, кварталӣ,солона;

- донистани воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ;

- қобиляти хуби кор кардан дар компютерҳо;

- қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

6. Дар давраи рухсатии меҳнатӣ ва бо сабабҳои гуногун дар фаъолияти  корӣ набудани сардори  шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор, вазифаи он аз рӯи мансабҷадвал ба сармутахассиси марказ вогузор мегардад.

 

2. Вазифоҳо ва ӯҳдадориҳои

Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор

1. Фаъолияти шуъбаро роҳбарӣ менамояд.

2. Ҳамарӯза иҷро намудани супоришҳои роҳбарияти Муассиса.

3. Ташкил намудани коркарди роҳхатҳо в борхатҳо дар компютер.

4. Таёр ҳисоботҳои омори корхонаҳои нақлиёти.

5. Корҳои ба Марказ бударо ба операторони зердаст тақсим намуда иҷроиши саривақтии

      онҳоро назорат менамояд.

6. Интизоми меҳнатро дар фаъолияти ҳамарӯзааш риоя менамояд.

7. Тамоми  намудҳои ҳисоботҳои истеҳсолии моҳона кварталӣ ва солонаро вобаста ба фаъолияти Муасиса дар минтақаҳо                 менамояд.

8. Тайёр намудани маводҳои чопӣ ва ҳуҷҷатҳоро дар компютер аз кормандон талаб намояд.

9. Супоришҳои нақшавӣ ва супоришҳои алоҳидаро, ки ба вазифаи вай дахлдор мебошад,софдилона иҷро намояд.

10. Ба кормандони марказ роҳҳои нави корбариро меомӯзонад.

 

               3. Ҳуқуқҳои сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор.

          Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор ҳуқуқ дорад:

1. Дар асоси супоришҳо ва дархостҳо метавонад дар муассисаҳо, ширкатҳои нақлиётӣ

     оид ба ҳисоботҳои нақлиётӣ санҷишҳо гузаронад.

2. Аз корхонаҳои зерсохтори Муассиса маълумотҳоро доир ба фаъолияти боркашонӣ ва мусофирбарӣ талаб намояд.

3. Доир ба халли масъалахои фаврӣ метавонад ба роҳбарияти муассиса муроҷиат намояд.

 

            4. Ҷавобгарии сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор.

   Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор нисбати масъалаҳои зерин ҷавобгар мебошад:

- оид ба фаъолияти  шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор;

- барои саривақтӣ иҷро нагардидани коркарди роҳхату бархат;

- барои таъмин нагардидани ӯҳдадориҳои вазифави худ;

- барои коркарди маълумотҳои нодуруст ва корҳои иҷронашуда;

- барои иҷро накардани супоришҳои роҳбарияти Муассиса;

- барои вайрон намудани режими корӣ ва қоидаҳои интизоми меҳнат;  

 

            5. Шароити меҳнати сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор.

1. Реҷаи кории сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор мутобиқи асосҳои кодекси меҳнат ва қоидаҳои қабулнамудаи             муассиса муайян карда мешавад.

2. Шароити кории сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳури Тоҷикистон ба         роҳ монда мешавад.

3. Шакли кории сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор ба реҷаи кории ғайримеъёри дохил мешавад.

 

              6. Ҳуқуқи имзокунии сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор.

 

1Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор ҳуқуқ дорад ҳамаи ҳуҷҷатҳоро, ки онҳоро тартиб додааст имзо намояд.

2. Сардори шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор ҳамаи ҳуҷҷатҳои, ки корхонаҳои нақлиёти (1нақлиёт) равон мекунад имзо              намояд. 

 

Тартибдиҳанда сардори

шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омор                            Азизов Р.И.