wrapper

12 1

Масъалаҳо ва қоидаҳои вуруди сайёҳон ба ҷангалзорҳо дирӯз зимни ҷаласаи муштараки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҷаласа роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, намояндагони вазоратҳои молия, адлия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иштирок намуданд.

 

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа ҳамчунин масоили одоби муоширати ҷангалбонҳо бо сайёҳон, забондонӣ, насби ишораҳо дар даромадгоҳҳои ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, таҳияи хатсайрҳо ва мувофиқа намудани онҳо бо идораҳои дахлдор баҳри муайян намудани афзалиятҳои он, нарасидани роҳбаладони касбӣ, тозагии мавзеъҳои сайёҳгузар, дар якҷогӣ бо вазорату идораҳо баррасӣ намудани механизми ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва пардохтҳои ҳатмӣ, бастани шартномаҳои тарафайн миёни Агентии хоҷагии ҷангал ва ширкатҳои сайёҳӣ, ташкили марказҳои иттилоотӣ, таъмини интернет аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ ва дигар омилу монеаҳое, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони инфиродӣ бо ҷангалбонҳо рух медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси моддаи 55-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва замимаи 15-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546 сайёҳони хориҷӣ барои воридшавӣ ба ҷангалзорҳо маблағи муйян пардохт менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба шумор меравад. Инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад ба рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт, аз ҷумла хизматрасонии нақлиётӣ, хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар соҳаҳо мусоидат намояд. Бинобар ин, имкониятҳои сайёҳии экологӣ хеле бузург буда, ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда мешавад.

Пурсишҳои иҷтимоӣ миёни сайёҳон дар ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ афзалият ба навъҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад.

Дар ин ҷода, ба рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон имконоти ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз 22%-и қаламрави Тоҷикистонро дарбар мегиранд, мусоидат менамоянд. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нодиртарин олами хайвоноти сайёраи Замин: бабри барфӣ, гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), бузи пармашох (Морхур), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), ғизол, кафтор, сусмори биёбонӣ ва дигар намудҳои нодир ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд.

Дар баробари ин, дар ҷангалзорҳои Тоҷикистон дарахтони нодир, гулу гиёҳҳои шифобахш, растаниҳо ва дигар намудҳои олами наботот парвариш меёбанд.

 

Тамос бо мо

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кучаи Айни 14 "а"
+992 37 - 222-2322                          +992 37 - 222-2056
Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.
www.logistic.tj