wrapper

21 1Дар партави дастгириҳои пайвастаи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат гушаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2019», ки аз 12 то 14 марти соли 2019 дар “Экспоцентр” — и шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ карда мешаваад. 

Бояд гуфт, ки Федератсияи Россия дар қатори кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳсуб меёбад.

Имсол дар Намоишгоҳи мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ассотсиатсияи Эко-фарҳангии Помир, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Роҳат тур», ҶДММ «Ориент Адвентур», ҶДММ «Помир треккинг» ва ҶДММ «Симот» ширкат меварзанд.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадима инъикос гардидаанд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ба васеъ гаштани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Намоишгоҳ 15 марти соли 2019 Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии аъзои ИДМ таҳти унвони «ИДМ: иқтисоди рақамӣ — платформаи ҳамгироӣ» баргузор мегардад, ки дар он мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ дар сайёҳӣ: ИДМ +Ҷаҳон» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-Москва» зиёда аз 1799 ширкатҳои сайёҳӣ аз наздики 200 мамлакатҳои олам имкониятҳои сайёҳии худро муаррифӣ намуда, байни намоишгоҳҳои муҳими байналилалии сайёҳӣ дар ҷаҳон мақоми панҷумро ишғол менамояд.

22 1