wrapper

Чилдухтарон 

mm

 

Чилдухтарон - номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.

Олиҳаи зебоӣ

Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Ривоятҳои халқӣ

Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кўҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рў ба рў насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.[1]

Бешаи палангон

Netta rufina Red crested Pochard Male London Wetland Centre Diliff Бешаи палангон Википедия Яндекс.Браузер 06.02.2019 11 48 16

Мамнуъгоҳи бо қарори комиссариати Шӯрои халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳи бо мақсади муҳофизати комплекси биёбонутуғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати умумии он зиёда аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпўш, 10700 га марғзор, 4030 га кӯлҳо, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.[3]

Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхўрони даранда – паланги тӯронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхўр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л. Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохўрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди паланги тӯронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рўйи Замин нест шудааст.

Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кўл боқӣ мондааст. Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳогамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ зист мекунанд, ки баъзеи онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.

То солҳои 90 - уми асри гузашта аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Аму) авлодҳои наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кӯлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣсиммоҳӣмуйлабмоҳии туркистонӣсихболмоҳӣва жерехи тос дучор мешаванд. Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхўрони муътодони акклиматизатсияшуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрияАмерикаи Ҷанубӣ мебошад. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Кюрдамири Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.

Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кўлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибири Русия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Чин кўчиш намуда, то фарорасии фасли гармо дар он ҷой боқӣ мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣгеккони шонаангуштлундасараки регӣкуброи осиёимиёнагӣгурза ва дигар намудҳои нодир вомехўранд.[4]

Яке аз калонтари калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнӯъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кўшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарфкабкдуғдоғ парвариш карда мешавад.

Аз намояндагони синфи ширхўрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣғизолгурбаи қамишзоркафтормири мушонхуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.

Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кўшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рў ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехўрад.

Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанакшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурўҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сўзанаки кириченко, сўзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тўронӣ, чўбхўраки қиррамўйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ѓайра дучор мешаванд.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хўроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхўр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.

Дар биёбони мамнуъгоҳ заѓоза, саксавул ва ҷулѓун вомехўранд. Дар атрофи кўлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туѓайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро растаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.

Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбўруѓи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.